02:19, 11 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва бо мақсади иштирок дар ифтитоҳи якчанд иншооти таъиноти гуногун, инчунин мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф овард. Дар даромадгоҳи ноҳия сокинон бо самимияти баланд, ки нишонаи возеҳи пуштибонӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат мебошад, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо оғози корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои Маҷмааи фарҳангию фароғатӣ, варзишию солимгардонӣ бо нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ шуруъ гардид. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани нома ба наслҳои оянда дар маҳалли бунёди ин маҷмааи бузурги хизматрасонӣ ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшид. Тавре ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, маҷмаа дорои кӯдакистон барои 200 тарбиятгиранда, корхонаи дӯзандагӣ бо 300 ҷойи корӣ, толори варзишӣ барои машқи 200 нафар дар як баст ва маркази савдо бо 400 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст. Маблағи умумии арзиши лоиҳа 30 миллион сомонӣ буда, дар рафти корҳои сохтмонӣ 200 нафар сохтмончӣ ҷалб мегардад. Баъди ба истифодадиҳии маҷмааи мазкур наздики 3 ҳазор нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешавад. Бунёди маҷмаа аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Заъфаралӣ Кабиров ба роҳ монда шуда, бояд давоми ду сол сохта шавад. Лоиҳаи муосир аз тарафи Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Селтехпроект" омода гардида, корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Саманди Сомон» анҷом медиҳад. Зимни шиносоӣ бо тарҳи лоиҳа Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон соҳибкор ва сохтмончиёнро ба корҳои босифат ҳидоят намуд. Аз рӯйи таъкиди Сарвари давлат ин маҷмаа бояд бо тарҳи муосири бо меъмории шарқӣ омехта хеле зебо бунёд гардад ва солҳои зиёд ба мардум хизмат расонад. Маҷмаа дар майдони умумии 5 гектар, дар ҳудуди шаҳраки Сомониён сохта мешавад. Ҳангоми ба фаъолият оғоз кардан, имкон аст, ки дар як шабонарӯз беш аз 20 ҳазор нафар аз хизматрасонии он баҳравар гарданд.