07:55, 05 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Мулоқот бо Роҳбари Ширкати “Поли Технолоҷӣ” - и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Лин

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Ширкати “Поли Технолоҷӣ” - и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Линро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин дар бахшҳои гуногун баррасӣ шуд. “Мо аз сатҳи ҳамкориҳо ва рушди муносибатҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки дар асоси анъанаҳои неки дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми накуи ҳамҷаворӣ сурат мегирад, қаноатманд ҳастем” - таъкид дошт дар ҷараёни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Ҷонибҳо дар рафти мулоқот масъалаҳои рушди бахши энергетика, бунёди марказҳои барқу гармидиҳӣ, татбиқи лоиҳаҳои гуногун, пешрафти соҳаҳои саноат ва сохтмонро баррасӣ карданд. Таъкид гардид, ки бо истифода аз технологияи муосир ва захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон имкон аст, барои тараққиёти босуръати бахшҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар саҳм гузошта шавад. Аз иштироки фаъоли ширкатҳои бонуфузи чинӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими дорои аҳамияти минтақавӣ изҳори қаноат карда шуд. Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо инчунин дигар мавзуъҳои барои ҳар ду ҷониб судмандро баррасӣ карданд.