10:12, 05 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Академияи ВАО, ТВ «Варзиш» ва «Синамо» ба кор шурӯъ карданд

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустрӯзи фасли баҳор ба кӯчаи Беҳзод 25-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ташриф оварда, ба фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ ва Академияи васоити ахбори омма ифтитоҳи расмӣ бахшид. Пешвои миллатро дар саҳни бино кормандони эҷодию техникии Кумитаи телевизон ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини соҳа гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти бинои сеошёнаи Муассисаи давлатии телевизони «Варзиш» ва Муассисаи давлатии телевизони «Синамо», инчунин Муассисаи давлатии Академияи воситаҳои ахбори омма асос гузошт. Таъкид шуд, ки муассисаи «Варзиш» бо беҳтарин дастгоҳи идоракунӣ ва пахши барномаҳо ва нуқтаҳои танзим муҷаҳҳаз гардидааст, ки кормандон аз ин шароит самаранок истифода мебаранд. Муассисаҳои давлатии телевизиони «Варзиш» ва «Синамо» пахши барномаҳои худро мувофиқ ба талаботи имрӯза дар формати HD ба роҳ мондаанд, ки ин омил имконият медиҳад, то барномаҳо бо сатҳу сифати баланд ба тамошобин манзур карда шаванд. Бо чунин мушаххасоти техникӣ пахш кардани барномаҳои телевизионӣ дар пешрафти соҳа як қадами ҷиддӣ ба шумор рафта, ҷалби ҳарчӣ бештари тамошобинонро ба телевизион бештар аз қабл менамояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шароити муҳайёшуда барои кормандон дар Муассисаи давлатии телевизони «Синамо» низ шинос шуд. Қомат афрохтани Муассисаҳои давлатии «Академияи воситаҳои ахбори омма»-и Тоҷикистон, телевизиони «Синамо» ва «Варзиш»- ро дар ин марҳилаи созандагиву шукуфоӣ ва таҷлили ҷашни муқаддаси кишвар 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ Сардори давлат туҳфаи арзишманд номид. Тавассути шабакаи «Варзиш» барномаҳои варзишӣ ва тариқи «Синамо барномаҳои синамоӣ ва филмҳои гуногунжанри миллӣ пешниҳоди тамошобинон гардонида мешавад.

Шабакаи «Варзиш» 24 соат дар шабонарӯз пахш шуда, асосан ҷараёни мусобиқоти варзишии дохил ва хориҷ, бахусус бозиҳои футболро, ки дар Тоҷикистон мухлисони зиёд доранд, ба тамошобинон пешкаш мекунад. Тавассути ин шабака бозиҳои қаҳрамонии футболи Тоҷикистон ва ҳам бозиҳои беҳтарини қаҳрамониҳои футболи кишварҳое, чун Англия, Испания, Италия, Олмон ва Русия ва ҳамин тавр, бозиҳои қаҳрамонии футболи Аврупо, ки имсол моҳи июн дар Фаронса хоҳад гузашт, намоиш дода хоҳад шуд. Мақсад аз таъсиси телевизиони «Синамо» таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо филмҳои гуногунжанри миллӣ, паҳнкунӣ ва намоиши филмҳо, нигоҳдорӣ ва инкишофи заминаи моддию техникии кино, гузаронидани кинофестивалҳо, иштирок дар кинофестивалҳо ва дигар чорабиниҳои байналмилалии киноматографистон, ҳамчунин тайёр намудани мутахассисони соҳа арзёбӣ мешавад.

Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» ҳамчунин ҷиҳати рушди минбаъдаи кинои миллӣ, ташаккули талаботи аҳолӣ ба кино, бедор кардани шавқи устувор ба ин намуди санъат, фароҳам овардани шароити зарурии моддию техникӣ барои баланд бардоштани самаранокии кори тарбиявӣ чорабиниҳои мушаххасро амалӣ хоҳад гардонд. Дар телевизиони «Синамо» чор шуъбаи эҷодӣ: шуъбаи барномаҳои иттилоотию таҳлилӣ, шуъбаи филмҳои миллӣ, шуъбаи филмҳои тасвирӣ, шуъбаи филмҳои хориҷӣ ва дубляж таъсис дода шуд. Яке аз вазифаҳои оинномавии телевизиони «Синамо» таҳия ва дубляжи филмҳои гуногунжанр аст ва дар сеткаи паши барномаҳо низ ба ин самти фаъолияти муассиса афзалият дода шудааст. Пахши барномаҳои телевизиони навтаъсиси «Синамо» дар формати рақамӣ буда, мушаххасоти техники он чунин аст:

Тавассути канали телевизионии 46:

Шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ваҳдат, Панҷакент, Варзоб, Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Қурғонтеппа, Бохтар, Вахш, Хуросон, Ҷиликул, Ҷалолиддини Балхӣ, Восеъ ва Абдураҳмони Ҷомӣ.

Тавассути канали телевизионии 25:

Ноҳияи Файзобод.

Тавассути канали телевизионии 49:

Шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Чкалов, Қайроққум, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Конибодом, Мастчоҳ.

Тавассути канали телевизионии 59:

Шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Табошар, Ғончӣ, Зафаробод ва Шаҳристон.

Тавассути канали телевизионии 38:

Шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Данғара, Бохтар, Восеъ, Қубодиён, ва Носири Хусрав.

Тавассути канали телевизионии 32:

Шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа.