01:25, 07 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Мулоқот бо узви Шӯрои марказии ҳарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин, сардори штаби Артиши халқии озодгари Чин Фан Фэнхоэй

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви Шӯрои марказии ҳарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин, сардори штаби Артиши халқии озодгари Чин Фан Фэнхоэйро ба ҳузур пазируфт. Дар ҷараёни мулоқот масоили рушду густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин баррасӣ гардиданд. “Масъалаи таҳкими муносибатҳо дар соҳаи ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Чин, дар маҷмуъ бахши амниятӣ мавзуъи муҳими ҳамкориҳои кишварҳои мо мебошад” таъкид намуд дар оғози мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои давлатҳо, ки характери стратегию шарикӣ доранд, қаноатмандӣ намуда, изҳори умед карданд, ки бо талошҳои пайваста он ба таври бемайлон рушд мекунад. Дар мулоқот оид ба ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Чин дар самти тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси низомии тоҷик, иҷрои созишномаҳои қаблан қабулшуда табодули андеша сурат гирифта, саҳми кишвари ҳамсоя баҳри таъмини амният дар сарҳади давлати мо бо Афғонистон, муборизаи дастоҷамъона бо се хатари мудҳиш - терроризм, экстремизм ва сепаратизмро муҳимму назаррас маънидод карданд. Таъкид гардид, ки дар вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон ва таҳдиду хатарҳои дигар мо бояд ҳамаҷониба омода бошем. Ҷонибҳо зимни суҳбати самимӣ, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт, инчунин оид ба дигар масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ, мавзуъҳои доғи минтақаву ҷаҳон ва дарёфти роҳҳои ҳалли он гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.