05:43, 12 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Бунёди боғи 25-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳисор

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ҷамоати деҳоти Алмосии ноҳияи Ҳисор ташриф овард. Ҳадафи ин сафар идомаи мантиқии татбиқи сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ҷараёни он ба бунёди садҳо гектар боғи ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда асос гузошта шуд. Дар ҷамоати деҳоти Алмосӣ Пешвои ғамхору ояндасоз Эмомалӣ Раҳмонро сокинони ноҳияи Ҳисор гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Барои иштирок дар маъракаи ниҳолшинонӣ 3000 сокини ноҳия ва дар маҷмуъ барои дидору мулоқот бо Пешвои миллат беш аз 15 ҳазор сокини ноҳия ҷамъ омад. Дар ҳамин ҷо дар намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагиҳои ноҳия пеш аз оғози маъракаи ниҳолшинонӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо комёбиҳои меҳнатии сокинони ноҳия аз наздик шинос шуд. Дар намоишгоҳ асосан меваҳои шаҳдбори ноҳия, аз ҷумла навъҳои гуногуни ангуру себ, ки дар сардхонаҳо тару тоза нигоҳубин карда мешавад, ба маъраз гузошта шуд. Мутахассисон тарзи гуногуни нигоҳубини меваҷотро намоиш доданд. Дар асоси супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳисор то имрӯз баҳри нигоҳубини меваҷот барои 5000 тонна сардхонаҳо сохта шудааст, ки аз он самаранок истифода мебаранд. Ноҳияи Ҳисор, ки диёри зархез аст, дар баробари мевагию сабзавот дар ин ҷо зироатҳои гуногуни ғалладонагӣ ба таври васеъ кишт карда мешавад, ки дар намоишгоҳ ҷойи махсусро ишғол мекард. Аслан навъҳои гуногуни тухмии зироатҳои ба маҳал мутобиқ пешкаш карда шуд. Соҳаи чорводорӣ низ дар ноҳия ба таври матлуб рушд кардааст, ки парвариши гуфсанди зоти ҳисорӣ намунаи беҳтарини он мебошад. Дар 21 хоҷагии чорводории ноҳия гусфанди зоти ҳисорӣ парвариш меёбад. Дар намоишгоҳ намунаи ин зоти гусфандро ба маъраз гузоштанд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баъди тамошои намоишгоҳ ва шиносоӣ бо маҳсули дастранҷи сокинони ноҳия ба натиҷаи фаъолияти онҳо баҳои баланд дода, мардумро ба идомаи фаъолияти бобарору муваффақ барои пешрафти ҷумҳурӣ ҳидоят намуд. Баъди тамошои намоишгоҳ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар як мавзеи хушбоду ҳавои ҷамоати деҳоти Алмосӣ дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок карда, якчанд ниҳоли дарахтони гелос, олу ва себ шинонд. Дар маъракаи ниҳолшинонии имрӯза бо иштироки Сарвари давлат дар майдони 340 гектар, аз ҷумла дар майдони 72 гектар гелос, 67 гектар олу, наздики 13 гектар себ, дар 27 гектар зинабоғу 33 гектар чарогоҳи ҳамин ҷамоат гелос шинонида шуд. Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат оянда майдони боғот боз васеъ карда мешавад. Айни ҳол дар дигар ҷамоатҳои деҳоти Сомон, Хонақоҳи куҳӣ, Навобод ва Мирзо Ризои ноҳияи Ҳисор маъракаи ниҳолшинонӣ вусъат дода мешавад. Дар асоси барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 - 2020 дар ноҳияи Ҳисор дар майдони 2966 гектар бояд боғу токзор бунёд карда шавад. Асосан ниҳоли дарахтони мевадиҳандаи ба содирот нигаронида шуда парвариш мегардад. Даромад аз фуруши ин гуна меваҷот бошад, барои беҳдошти сатҳи иқтисодию иҷтимоии мардум равона мегардад. Зимни сафарҳои қаблии кории худ ба ноҳияи Ҳисор Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сокинон барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ дастур дода буданд. Тавре маълум гардид, бо пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкорона ва ватандӯстонаи Пешвои миллат ва бо мақсади иҷрои супоришҳои ояндадори Президенти мамлакат аллакай то имрӯз дар доманакуҳҳои ноҳия ҳазорҳо гектар боғи дарахтони гуногуни мевадиҳанда бунёд карда шудааст. Қаблан иқдомҳои бузург оид ба бунёди боғот дар ноҳияи Ҳисор аз ҷониби Президенти мамлакат амалӣ гардида буд. Бунёди боғи 15 - солагии Истиқлолият ва Боғи 3000 - солагии Ҳисор аз ҷумлаи онҳо мебошад. Тавре мутахассисон иттилоъ доданд, мавзеъҳои ноҳияи Ҳисор барои парвариши ангури навъи тоифӣ мутобиқ аст, ки ҳосили он низ барои содирот нигаронида шуда, даромаднок аст. Баъди бунёди боғоти нав дар робита ба ҳидоятҳои Президенти мамлакат дар ин ҷо корхонаи бастабандии меваҷот, аз ҷумла гелос бунёд мегардад. Ин боз як омили таъсиси ҷойҳои нав корӣ мегардад. Меҳнаткашони ноҳияи Ҳисор дар масъалаи содироти мева ба хориҷи мамлакат таҷрибаи бой доранд. Аз рӯи маълумоти оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 21 000 тонна ангур истеҳсол шуд, ки аз нисф зиёди он ба Федератсияи Россия, Афгонистон, Покистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Украина ва Қирғизистон фиристода шудааст. Дар сардхонаҳои ноҳия миқдори зиёди ангуру себ захира карда шудааст. Зимни сӯҳбати самимие, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони меҳнатқарини ноҳияи Ҳисор дошт, Сарвари давлат онҳоро барои идомаи корҳои созандагӣ, ободкорӣ ва меҳнати софдилонаю содиқона бар нафъи Ватан ва миллат ҳидоят намуд. Сокинони ноҳияи Ҳисор ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи ташаббусҳои созанда ва ғамхории табақаҳои ниёзманд изҳори сипос карда, қадаму ҳузури азизу муътабари Пешвои миллатро дар сарзамини бостонии Ҳисор файзбахшу муборак хонданд.