03:17, 11 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Эмомалӣ Раҳмон хонум Шамшод Ахтарро баҳузур пазируфт

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Котиби иҷроияи комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) хонум Шамшод Ахтарро баҳузур пазируфт. Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор дода шуд. “Тоҷикистон ҳамкории судмандро бо ҳама сохторҳои дахлдори Созмони Милал ба вижа бо Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмон барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором фаъолона ва пайгирона идома хоҳад дод”-таъкид дошт дар ҷараёни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Аз саҳми назарраси ЭСКАТО ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон изҳори қаноат карда шуд. Дар мулоқот атрофи ҷамъбасти натиҷаҳои конфронси душанбегӣ оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” дар солҳои 2005-2015”, иқдоми навбатии Тоҷикистон барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, ҷаласаи 10-уми Шӯрои Барномаи махсуси СММ барои иқтисоди Осиёи Марказӣ дар Душанбе, инчунин дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои маҳсур дар хушкӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Ҷонибҳо модернизатсияи шоҳроҳҳои мошингарду роҳҳои оҳан, рушди бахши кишоварзӣ ва минтақаҳои деҳот, иқтисодиёт ва савдо, сармоягузорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бунёди хатҳои интиқоли барқ ва лӯлаҳои газ, татбиқи лоиҳаҳои минтақавии гидроэнергетикӣ бо истифода аз захираҳои фаровони обии Тоҷикистон, аз қабили CASA-1000-ро барои рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ амри муҳим шумориданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.