04:53, 12 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (02.02.2016)

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР

аз 2 феврали соли 2016 №20 ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Абдураҳимов Х.С.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Абдураҳимов Хайриддин Саидович бинобар сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР

аз 2 феврали соли 2016 №21 ш. Душанбе

Дар бораи Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Назарзода Р.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Назарзода Рустам Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР

аз 2 феврали соли 2016 №23 ш. Душанбе

Дар бораи Сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Абдураҳимов Х.С.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Абдураҳимов Хайриддин Саидович Сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР

аз 2 феврали соли 2016 №24 ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Зоҳидӣ Н. Ш.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Зоҳидӣ Низомиддин Шамсиддинзода бинобар сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР

аз 2 феврали соли 2016 №25 ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Зоҳидӣ Н.Ш.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Зоҳидӣ Низомиддин Шамсиддинзода муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР

аз 2 феврали соли 2016 №26 ш. Душанбе

Дар бораи муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳақдод М.М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ҳақдод Маҳмадшариф Маҳмуд муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР

аз 2 феврали соли 2016 №27 ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Бобоҳоҷиева Л.С.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Бобоҳоҷиева Лола Садриддиновна бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР

аз 2 феврали соли 2016 №28 ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Умарзода С.Ғ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Умарзода Саида Ғайрат муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон