00:14, 07 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (27.01.2016)

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР

аз 27 январи соли 2016 №9 ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Раҳмон Озода Эмомалӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Раҳмон Озода Эмомалӣ бинобар сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР

аз 27 январи соли 2016 №10 ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Хидирзода М.У.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Хидирзода Махфират Умар бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР

аз 27 январи соли 2016 №11 ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода озод намудани Қосимзода И.Т.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қосимзода Идигул Тағо бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР

аз 27 январи соли 2016 №12 ш. Душанбе

Дар бораи Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Қосимзода И.Т.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қосимзода Идигул Тағо Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР

аз 27 январи соли 2016 №13 ш. Душанбе

Дар бораи ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода таъин намудани Раҷабзода М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Раҷабзода Маҳмадулло ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода таъин карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР

аз 27 январи соли 2016 №14 ш. Душанбе

Дар бораи муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Вализода Р.Ф.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад :

Вализода Рустам Файз муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР

аз 27 январи соли 2016 №15 ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озод намудани Холиқов Р.И.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Холиқов Рустам Исуфович аз вазифаи Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР

аз 27 январи соли 2016 №16 ш. Душанбе

Дар бораи Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» таъин намудани Абдуллозода И.Ф.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Абдуллозода Исматулло Файзулло Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» таъин карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР

аз 27 январи соли 2016 №17 ш. Душанбе

Дар бораи Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» таъин намудани Раҳимов Х.З.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Раҳимов Хайрулло Зубайдуллоевич Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» таъин карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон