09:06, 05 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Мулоқот бо Вазири федеролии захираҳои об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири федеролии захираҳои об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осифро, ки бо ҳайати расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуд. “Мо нисбат ба ояндаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди миёни Тоҷикистону Покистон хушбин ҳастем ва тамоми кӯшишу талоши заруриро барои рушду тавсеаи онҳо ба харҷ хоҳем дод” - таъкид дошт дар ҷараёни сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Вазири федеролии захираҳои об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф низ дар навбати худ изҳор дошт, ки "Дар вокеъ сафари давлатии баназдикӣ анҷомдодаи Шумо мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон хеле гарму самимӣ ва пурмуҳтаво буд, ки дар он доираи васеи масоили дуҷонибаи кишварҳоямон муҳокима ва суҳбатҳои судманд анҷом ёфта, натиҷаҳои пурбор низ ба даст оварда шудаанд" Ҷонибҳо фаъолияти Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва инфрасохтор, ки бо қарори якҷояи роҳбарони ду давлат таъсис дода шудааст, амри зарурӣ донистанд. Таъкид гардид, ки оғози татбиқи лоиҳаи дорои аҳамияти минтақавӣ - сохтмони хатти интиқоли барқи КАСА-1000 нақши ҳалкунанда дорад ва Тоҷикистон барои густариши ҳамкории зич ва ҷалби сармояи покистонӣ, қабл аз ҳама дар соҳаи инфрасохтор ва гидроэнергетика, ҳамаҷониба омода аст. Дар ҷараёни сӯҳбат инчунин масъалаҳои ҳамкорӣ вобаста ба сохтмони роҳҳои автомобилӣ, роҳҳои оҳан ва барқарор сохтани парвозҳои мустақим байни ду кишвар, иштироки ширкатҳои Покистон дар сармоягузории лоиҳаҳои гуногуни энергетикӣ, истихроҷи нафту газ ва канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон, ҷалби ширкатҳои Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаҳои мухталиф дар Покистон, ҳамкориҳо дар самти таҳкими иқтидори мудофиавӣ бо роҳи таъсиси корхонаҳои саноатӣ, таҳкими сарҳадоти мо бо Афғонистон ва мубориза бо терроризм баррасӣ карда шуд. Дар охири гуфтушунид Муҳаммад Осиф ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хабар дод, ки "бо дастури Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Навоз Шариф мехоҳам ҳамдардии Ҳукумат ва мардуми Покистонро нисбати мусибати соли гузашта дар Бадахшон рухдода ки дар натиҷаи заминларзаи шадид хисороти калон ба вуҷуд омад расонам ва ҳамчунин кӯмаки башардӯстонаи Покистонро ба маблағи як миллион доллари ИМА ҷудо шудааст, пешниҳод намоям" .