15:52, 25 Майи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Иёд Амин Маданӣ

Дар шаҳри Ҷидда Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Иёд Амин Маданӣ мулоқот намуд. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ шуд. “Мо ҳамкорӣ ва робитаҳои ҳасана бо созмон ва кишварҳои аъзои онро яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии кишварамон медонем ва ояндаи онро нек арзёбӣ менамоем”, - изҳор дошт дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Ҷонибҳо доир ба масоили гуногуни вобаста ба робитаҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ табодули назар карда, аз ҷумла аз вазъи ноором ва ҷангу ҷидолҳо дар Сурия, Ироқ, Яман, Фаластин, Афғонистон ва як зумра кишварҳои дигари мусулмонӣ изҳори нигаронӣ намуданд. Доман паҳн кардани терроризму ифротгароӣ, тезу тунд шудани ихтилофоти миёни мазҳабҳо ва дар ин замина афзоиш ёфтани исломситезӣ боиси ташвиши ҷиддӣ номида шуд. Эмомалӣ Раҳмон аз манфиатдории Тоҷикистон ба ҳалли фарогири қазияи Афғонистон ёдовар шуда, бори дигар Созмони ҳамкории исломӣ ва кишварҳои аъзои онро ба мусоидати фаъол ба барқарорсозии сулҳу суботи пойдор дар ин кишвари азияткашида, аз ҷумла аз тариқи эҳёи иқтисодиёти он, даъват намуд. Ҳарду ҷониб аз қабули "Нақшаи амали Созмони ҳамкории исломӣ оид ба ҳамкорӣ бо Осиёи Марказӣ" изҳори қаноат карда, дар чаҳорчӯби он баргузор шудани нахустин Анҷумани сармоягузорӣ барои кишварҳои ин минтақа дар шаҳри Душанберо “қадами хеле муҳим” номиданд. Иёд Амин Маданӣ бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи баланд гузаронидани Анҷумани ҳамкории иқтисодӣ, ки моҳи октябри соли 2014 ва зимни ҳамоиши вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ дар Тоҷикистон баргузор шуда буд, сидқан арзи сипос кард. Изҳори бовар карда шуд, ки тавсияву иқдомҳои дар ин анҷуман матраҳгардида дар нақшаҳои кории созмон барои оянда, аз ҷумла дар санади стратегии он - “Барномаи даҳсолаи амали СҲИ барои давраи то соли 2025” ба назар гирифта мешаванд. Иёд Амин Маданӣ иттилоъ дод, ки ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ моҳи апрели соли 2016 дар Истамбул баргузор ҳоҳад шуд. Ӯ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро “шахсияти бузург миёни пешвоёни ислом ва дорандаи фикру андешаҳои амиқ” номида, аз ӯ даъват намуд, ки дар ин ҳамоиш иштирок намояд.