23:28, 15 Октябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Испания: Наҷоти 312 муҳоҷир

Нозирони наздисоҳилии Испания дар Баҳримиёназамин 312 муҳоҷирро, ки мақсади вориди кишварҳои Аврупо шуданро доштанд, аз ғарқшавӣ наҷот доданд.

Муҳоҷирон тариқи 15 киштии хурд шино карда, дар роҳ сафинаи онҳо бо туғёни баҳр дучор шуд. Ҳамаи муҳоҷирон шаҳрвандони кишварҳои Африқо буда, дар миёни онҳо занону кӯдакон низ дида мешуд. Муҳоҷирони наҷотёфта ба маркази нигаҳдории муҳоҷирон воқеъ дар шаҳри Тарифаи Испания таҳвил дода шуданд.Соли равон наздики 18 ҳазор нафар соҳилҳои баҳри Миёназаминро убур намудаанд. Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии муҳоҷират аз аввали сол 1490 муҳоҷир ҳангоми сафар дар об ғарқ шуда, ҷон бохтаанд.