05:40, 26 Майи 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Либия: Наҷоти 360 муҳоҷир аз обҳои ғарбии кишвар

Мувофиқи маълумоти расонаҳои хабарӣ, ҳангоми кӯшиши ба кишварҳои

Аврупо расидан дар обҳои наздисоҳилии шаҳрҳои Гарабулли ва Зувари, воқеъ дар қисми ғарбии Либия 360 нафар фирорӣ аз ҳолати ғарқшавӣ наҷот дода шуд. Дар ин бора нозирони наздисоҳилии кишвар иттилоъ доданд. Зимни амалиёти наҷотдиҳӣ ҳолатҳои ғарқ шудан ё ба ҳалокат расидани фирориён ба қайд гирифта нашудааст. Расонаҳои хабарӣ шаҳрвандони наҷотёфтаро табааи кишварҳои араб ва африқо нишон медиҳад.