05:22, 25 Июни 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июн 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

ИМА: Боздошти 303 марзшикани иҷборӣ

Новобаста аз пурзӯр гардидани назорат дар минтақаҳои

сарҳадӣ ҳамарӯза қариб ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ кӯшиш менамоянд, ки ғайриқонунӣ ба ҳудуди ИМА ворид шаванд. Тавре роҳбари департаменти амнияти дохилии Америка Кирстен Нилсен дар назди кумитаи сенат оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ таъкид дошт, соли 2017 дар қисми ҷанубии ИМА ҳангоми кӯшиши ғайриқонунӣ убур намудани сарҳад 303 ҳазор нафар боздошт гардид. Соли 2016 бошад ин нишондод ба 408 ҳазор баробар буд. Ба ақидаи Кирстен Нилсен теъдоди муҳоҷироне, ки кӯшиши убур намудани сарҳади Амрико доранд, 26 дарсад коҳиш ёфтааст. Новобаста аз ин нишондод вақтҳои охир вуруди оилаҳо ва кӯдакони бесарпараст ба ҳудуди ИМА афзоиш ёфтааст.