07:52, 30 Майи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Доналд Трамп фармони муҳоҷират дар таҳрири навро ба имзо расонд

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико - Доналд Трамп

фармони муҳоҷират дар таҳрири навро ба имзо расонд. Тибқи ҳуҷҷати нав Ироқ аз рӯйхати кишварҳое, ки шаҳрвандонашон муваққатан имкони вуруд ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро надоранд, хориҷ карда шуд. Дар феҳрист 6 кишвар, аз ҷумла Либия, Сурия, Сомали, Судон, Яман ва Эрон боқӣ мондаанд. Барои ин мамлакатҳо маҳрумияти 90-рӯза ҳамоно боқӣ мемонад. Фармони қаблии Доналд Трампро додгоҳи федеролии таҷдиди назар бекор карда буд. Маъмурияти Кохи Сафед хабар медиҳад, ки фармон аз 16-уми март ба ҳукми амал медарояд. Ба таъхир андохтани иҷроиши фармон ба он хотир аст, ки сайёҳон дар фурудгоҳҳо овора нагарданд. Аз оғози амалиёти ҳарбии Амрико дар Ироқ дар соли 2003-юм ҳазорҳо нафар шаҳрвандони Ироқ ба сафи неруҳои Амрико шомил шуда ё чун тарҷумон фаъолият доранд. Шурӯъ аз он замон аксар шаҳрвандони Ироқ вобаста ба хатар ба ҷонашон маҷбур шудаанд, ки ба Иёлоти Муттаҳида ҳиҷрат намоянд. Вақте, ки фармони нахустин имзо шуд, ба додгоҳҳои Амрико 20 номаи шикоятӣ ворид гардид. Дар натиҷа додгоҳи федеролии таҷдиди назари Вашингтон татбиқи фармонро вобаста ба халалдоршавии меъёрҳои Конститутсия бекор кард. Ҳамчунин аз рӯйи ҳуҷҷати нав манъи қабули 120 рӯзаи тамоми гурезагон ба ҳудуди ИМА боқӣ монд.