08:05, 30 Майи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар бошишгоҳҳои муҳоҷирони Либия занону кӯдакон дар шароити ногувор нигоҳ дошта мешаванд

Дар бошишгоҳҳои муҳоҷирони Либия ҳазорҳо нафар занону кӯдакон

дар шароити ногувор нигоҳ дошта мешаванд. Паноҳҷӯён мақсади расидан ба соҳилҳои Аврупоро ба сар мепарвариданд. Аммо муҳофизони наздисоҳилии Либия ҳамаи онҳоро дастгир ва дар урдугоҳҳо ҷойгир намуданд. Дар ҳисоботи Хазинаи ҳифзи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид - «ЮНИСЕФ» омадааст, ки 50 дарсади занон ҳангоми расидан ба Либия ҳадафи амалҳои шаҳвонӣ қарор мегиранд. Теъдоди зиёди кӯдакон изҳор менамоянд, ки полис дар аксар маврид онҳоро мавриди латукӯб қарор медиҳад. Бисёре аз муҳоҷирзаноне, ки ба Аврупо мерасанд, маҷбур мешаванд, ки ба амалҳои ғайриахлоқӣ машғул гарданд. Барои он, ки имкони дигари беҳтар кардани зиндагии худро надоранд. Бино ба маълумоти «ЮНИСЕФ» дар ҳоли ҳозир зиёда аз 250 ҳазор нафар дар бошишгоҳҳои муҳоҷирон нигоҳ дошта мешаванд. «ЮНИСЕФ» аз Иттиҳоди Аврупо тақозо кард, ки барои ҳимояи ин афрод чора андешад.