22:04, 26 Майи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Муҳоҷирон майли ба Канада рафтан доранд

Пас аз ба сари қудрат омадани Доналд Трамп дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

паноҳӯён ҳарчӣ бештар кӯшиши вуруд ба кишвари ҳамсоя - Канадаро мекунанд. Сиёсати нави маъмурияти Коҳи Сафед дар баробари муҳоҷирон, паноҳҷӯёнро водор месозад, то дар сардии зиёд роҳи тӯлониро тай намоянд. Як тан аз муҳоҷирон барои он, ки ба Канада расад, 20 соат роҳро зери ҳавои кушод тай кардааст. Сиёсати Доналд Трамп ва сарвазири Канада - Ҷастин Трюдо дар масъалаи муҳоҷират, гуногун аст. Агар Трамп тарафдори маҳдуд кардани вуруди муҳоҷирону фирориён бошад, сарвазири Канада Ҷастин Трюдо ҷонибдори қабули паноҳҷӯён мебошад. Тибқи маълумоти расмӣ соли 2016-ум наздики 7 ҳазор паноҳҷӯ аз Иёлоти Муттаҳида ба Канада ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2014 –ум 60 дарсад зиёд мебошад. Тибқи пешгӯйии коршиносон соли равон ин нишондод бамаротиб афзоиш хоҳад ёфт. Дар ҳамин ҳол ҳукуматдорони Канада изҳор менамоянд, ки мақсади шадидтар намудани сиёсати муҳоҷиратро надоранд.