21:16, 26 Майи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

ИМА эҳтимол ба муҳоҷирони қавми «Роҳинҷия» макони паноҳандагӣ диҳад

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эҳтимол ба муҳоҷирони қавми «Роҳинҷия»-и Мянма, ки

айни ҳол дар Индонезия қарор доранд, макони паноҳандагӣ диҳад. Намояндаи Амрико дар шаҳри Медани Индонезия - Ҷуха Салин изҳор намуд, ки раванди бақайдгирии ҳуҷҷатҳо барои вуруди гурезагон, тибқи тартибот ҷараён мегирад. Аммо оид ба теъдоди муҳоҷирони қабулмегардида маълумот дода намешавад. Дар Индонезия наздики 800 намояндаи ақалияти «Роҳинҷия» умр ба сар мебарад. Тибқи барномаи Созмони Милали Муттаҳид аллакай ба ҳамаи онҳо мақоми гуреза дода шудааст. Дар штати Рокхайни қисми шимолии Мянма миёни қабилаҳои гуногун пайваста задухӯрдҳои шадид рух медиҳанд. Дар Мянма даҳсолаҳо боз намояндагони қавми «Роҳинҷия»-ро ҳамчун шаҳрванд эътироф намекунанд. Ҳукуматдорони ин мамлакат намояндагони қавми «Роҳинҷия»-ро муҳоҷирони ғайриқонунии аз Бангладеш омада мепиндоранд.