22:10, 26 Майи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Седрик барои кумак ба муҳоҷирон 3 ҳазор евро ҷарима шуд

Додгоҳи шаҳри Нитсаи Франсия хоҷагидор Седрик Эрруро

барои кумак ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ шартан дар ҳаҷми 3 ҳазор евро ҷарима кард. Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ тақозо намуд, ки Седрикро барои ғайриқонунӣ расонидани кумак ба паноҳҷӯён ҳадди ақал 8 моҳ зиндонӣ кунад. Аммо додгоҳ ин дархостро ба эътибор нагирифт. Ҳимоятчии Седерик айбномаро новобаста аз фишорҳои расонаҳо ва як қатор сиёсатмадорон боадолатона шуморид. Номбурда дар он айбдор шудааст, ки муҳоҷирони ғайриқонуниро дар хоҷагии худ нигоҳ дошта, ба онҳо маводи ғизоӣ ва дигар лавозимоти лозима додааст. Мурофиаи судии Седрик дар ҷомеаи Франсия баҳсро барангехт. Як қатор созмонҳои башардӯстона ба ҷонибдории хоҷагидор бархоста, изҳор медоранд, ки ҳукумат ба муҳоҷирон чандон кумак намерасонад.