22:44, 26 Майи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Италия бо Либия оиди пешгирии вуруди муҳоҷирон созишнома имзо кард

Сарвазири Италия - Паоло Ҷентилони бо роҳбари ҳукумати Либия

- Фаёз ас-Сароҷ дар хусуси пешгирӣ аз вуруди барзиёди муҳоҷирон созишнома имзо намуданд. Вохӯрии ҷонибҳо дар шаҳри Рим сурат гирифт. Паноҳҷӯён одатан тариқи роҳи обӣ аз Либия вориди мамолики Аврупо мешаванд. Ҳукуматдорони Италия ба Либия дар баробари кумаки молӣ ҳамчунин барои омода намудани марзбонон бо мақсади ҳимояи сарҳадҳои обӣ ваъдаи ёрӣ намудаанд. Тариқи баҳри Миёназамин теъдоди зиёди муҳоҷирон вориди Аврупо мегарданд. Танҳо соли гузашта аз Африқо тариқи қаламрави Либия ба Италия зиёда аз 180 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ барои пайдо намудани ҳаёти беҳтар вориди Аврупо гардидааст. Тайи се соли ахир бошад, ин нишондод наздики 500 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Либия кӯшиш дорад, ки назоратро дар сарҳадҳои худ ба роҳ монад. Аммо муноқишаҳои дохилӣ миёни гурӯҳҳои мухталиф барои амалишавии ин мақсад монеъ мегардад. Вазъи ноором ба қочоқчиён имкон медиҳад, ки одамони зиёдро аз Либия тариқи баҳри Миёназамин вориди Аврупо намоянд.