12:25, 17 Сентябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Словения сарҳади худро ба рӯйи муҳоҷирон мебандад?

Парлумони Словения бо баргузории як маъракаи овоздиҳӣ дар қонун

оид ба шаҳрвандони хориҷӣ тағйирот ворид намуд. Ҳамин тариқ, ба ҷонибдории қарори мазкур 47 вакил раъйи мусбат дода, 18 нафари дигар зид баромад намуданд. Акнун пас аз он, ки лоиҳаи қонун тасдиқи худро ёбад, ҳукуматдорон метавонанд сарҳади кишварро ба рӯйи муҳоҷирон банд намоянд. Қаблан комиссари Шӯрои Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон бо ирсоли як нома ба парлумони ин кишвар тақозо намуд, ки ҷониби Словения аз ворид намудани ислоҳот дар қонун оид ба шаҳрвандони хориҷӣ даст кашад. Зеро ин амалкарди Словения хилофи меъёрҳои байналмилалӣ буда, ҳуқуқи инсонро поймол менамояд. Имрӯзҳо кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо бо бӯҳрони шадиди муҳоҷират рӯ ба рӯ шудаанд. Ҳолати ба миён омада ба муноқишаҳои мусаллаҳона дар Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ рабт дорад.