04:11, 12 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Додгоҳи олии ИМА пешниҳоди Барак Обамаро ҷонибдорӣ накард

Додгоҳи олии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико лоиҳаи қонуни муҳоҷиратро, ки

аз ҷониби Президент - Барак Обама пешниҳод шудааст, тарафдорӣ накард. Тибқи ин ҳуҷҷат бояд аз ихроҷи миллионҳо нафар муҳоҷири ғайриқонунӣ пешгирӣ карда мешуд. Ҳамчунин ҳуҷҷати мазкур соҳиб шудани ҷойи корро ба паноҳҷӯён фароҳам меовард. Чанде қабл ин лоиҳаи қонунро додгоҳҳои 26 штати дигар низ ба баҳс кашида, онро пуштибонӣ накарданд. Обама хулосаи Додгоҳи олиро барои миллионҳо нафар, ки мақсади пайдо кардани ҷойи кор дар Амрикоро доранд, дарди «ҷонкоҳ» номид. Аз рӯйи ислоҳот мебоист, ҳузури 5 миллион муҳоҷир, ки ҳанӯз 5 сол қабл ба таври ғайриқонунӣ вориди ин кишвар шудаанд, расмӣ мегардид. Зидди нақшаи Обама пеш аз ҳама штатҳои қисми ҷанубии Амрико баромад кардаанд. Ин штатҳо аз он ҳарос доранд, ки дар сурати қабули қонун, вазъи гуманитарӣ дар сарҳад бо Мексика боз ҳам мураккаб мешавад.