03:52, 12 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

ХМ: синнатон ба 18 нарасидааст, ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар накунед

Кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

ҳамарӯза дар давоми вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба қонунгузориҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ суҳбатҳо гузаронида, таъкид менамоянд, ки он шаҳрвандоне, ки синнашон ба 18 нарасидааст, ба муҳоҷирати меҳнатӣ азми сафар накунанд. Бинобар ҳамин, аз 10 июли соли 2013 Президенти Федератсияи Россия дар қонунгузории соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ тағйиру иловаҳоро дар самти фаъолияти меҳнатӣ ба имзо расонид, ки дар он омадааст: «Шахсоне, ки синнашон ба 18 солагӣ нарасидааст ва дорои иҷозатномаи кор (разрешение на работу), патент мебошанд, фаъолияташон қатъ карда шаванд ва онҳоро огоҳ намоянд, ки қаламрави Федератсияи Россияро ба хоҳиши худашон тарк карда, ба давлати аҷдодии худ баргарданд. Дар ҳолати саркашӣ ва аз ҳудуди давлати зикргардида набаромадан, аз ҷониби мақомоти дахлдор самти фаъолияти мазкур қатъ карда шуда, тибқи қонунҳои амалкунанда нисбаташ чораҳои зарурӣ андешида шавад». Бинобар ин, дар Федератсияи Россия он муҳоҷирони меҳнатӣ ба кор қабул карда мешаванд, ки синнашон ба 18 расида бошад. Ҳамарӯза дар мавриди вохӯриҳо ё қабул сокинон-муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе муроҷиат менамоянд, таъкид карда мешавад, ки синнашон ба 18 нарасида бошад, ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар накунанд. (ХМ)