06:14, 12 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар як моҳ 13 ҳазор муҳоҷирон аз ғарқшавӣ наҷот дода шуданд

Нозирони наздисоҳилӣ тайи як ҳафтаи ахири моҳи май дар баҳри Миёназамин

13 ҳазор муҳоҷири ғайриқонуниро аз ғарқшавӣ наҷот додаанд. Ба таъкиди коршиносон ин нишондод рекордӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин бора роҳбари Оҷонсии назорати марзии Аврупо «Фронтекс» - Фабрис Леггери иттилоъ дод. Номбурда аз кишварҳои узви Иттиҳои Аврупо талаб намудааст, ки барои наҷоти муҳоҷирон киштиҳои зиёдро сафарбар созанд. Тибқи маълумоти Оҷонсии назорати марзии Аврупо «Фронтекс» давоми моҳи май 19 ҳазор муҳоҷир вориди Италия гардидааст. Ин шумора дар муқоиса ба моҳи апрел ду маротиб бештар мебошад. Дар ҳамин ҳол омори Созмони Милали Муттаҳид нишон мехиҳад, ки тайи ду соли ахир 10 ҳазор муҳоҷир дар баҳри Миёназамин ғарқ шудааст.