03:45, 11 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

СММ: кишварҳои ҷаҳон то соли 2017 наздики 1 млн муҳоҷирро бояд дар қаламрави худ ҷой намоянд

То соли 2017 наздики 1 миллиону 19 ҳазор муҳоҷирро кишварҳои ҷаҳон

бояд дар қаламрави худ ҷой намоянд. Дар ин бора намояндаи расмии СММ оид ба масъалаи муҳоҷирон зимни як баромад дар шаҳри Женеваи Швейдсария изҳорот дод. Ба гуфтаи номбурда маҳз бо ин тасмим метавон ба масъалаи муҳоҷирон расидагӣ кард. Аз ин нишондод 40 дарсадашон шаҳрвандони Сурия ва боқимонда шаҳрвандони кишварҳои Судон, Афғонистон ва Конго гуфта мешаванд. Ин нафарон бар асари муноқишаҳои мусаллаҳона ва ё дигар масъалаҳои ҳалталаб дар ватанашон бесарпаноҳ мондаанд. Тибқи иттилои созмони мазкур соли сипаришуда ҳукуматдорони ИМА барои ҷой намудани фирориён дар кишвар 82 ҳазор, Канада наздики 23 ҳазор, Австралия зиёда аз 9 ҳазор ва Норвегия 4 ҳазор квота ҷудо намуда буданд. Ҳамин тариқ дар соли 2015 барои фирориён 143 ҳазор ҷой ҷудо гардида буд. Соли равон СММ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ интизори ҷудо гардидани 170 ҳазор квота барои фирориёнро дорад.