00:37, 07 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Суҳбатҳои муфид бо мусофирони тайёра

Ҳамарӯза кормандони шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ

ба муҳоҷирон дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо сокинони ҷумҳурӣ, ки тавассути тайёра ба кишвари Россия сафар мекунанд оид ба талаботи нави қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Россия суҳбатҳо гузаронида, ба онҳо қоидаҳои будубош ва тартиби гирифтани патент ба таври сода фаҳмонида медиҳанд. Дар суҳбатҳо бо мусофирон кормандони масъули шуъба ҷиҳати пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароёна миёни ҷавонон, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, тақвияти маърифати муҳоҷирони меҳнатӣ, навигариҳо дар соҳаи қонунгузории Федератсияи Россия ҷараён гирифта, дар онҳо роҷеъ ба муҳоҷирати меҳнатие, ки рафтуомадашон ба кишвари Россия манъ гардидаасту хоҳиши дар ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ кор карданро доранд, мехоҳанд дар кишварҳои дигари будубош фаъолият намоянд ё ба соҳибкории хурду миёна ва касбомӯзӣ машғул шаванд, иттилооти мукаммал дода мешавад. Дар баробари ин, варақаҳои иттилоотии «Фаъолияти меҳнатӣ дар Федератсияи Россия дар асоси патент: қоидаҳои нав», «Тартиби гирифтани иҷозат барои кор ва патент», «Ёддошт ба муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки ба кишвари Россия сафар менамоянд» ва ғайра дар байни мусофирон тақсим карда мешавад. Кор дар ин самт идома дорад.