05:58, 15 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

СММ аз вазъияти ногувори муҳоҷирон нигаронӣ кард

Созмони Милали Муттаҳид аз вазъияти ногувори муҳоҷирон

дар бошишгоҳҳои қисми шимолу шарқии Нигерия изҳори нигаронӣ кард. Тибқи маълумоти ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамарӯза ба ҳисоби миёна то 10 нафар дар ин бошишгоҳҳо аз гуруснагӣ мефавтанд. Бошандагони урдугоҳ дар шароити бади санитарӣ умр ба сар бурда, аз норасоии маводи озуқа, сарулибос, доруворӣ ва оби тозаи нӯшокӣ ранҷ мебаранд. Муҳоҷирони ин бошишгоҳҳоро сокинони кишварҳои ҳавзаи кули Чад ташкил медиҳанд. Онҳо дар пайи ноормоиҳо ва афзоиши ҳамлаҳои гурӯҳи ифротгарои «Боко-Ҳарам» ба ин ҷо хиҷрат карданд.