06:00, 12 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

ХМ: 60 нафар муҳоҷирони тоҷик дар ФР бо ҷойи кор таъмин шуданд

Рӯзи 8-уми июни соли равон гурӯҳи 60-нафараи муҳоҷирони меҳнатӣ

аз вилояти Суғд дар Федератсияи Русия бо ҷойи кор таъмин шуданд. Муҳоҷирони меҳнатиро асосан субъекти хоҷагидори ҶДММ “Мирзо ва К” дар ноҳияи Дмитровски Федератсияи Россия бо ҷойи кор таъмин намуд. Тавре, ки роҳбари гурӯҳ Дилдора Баротова иттилоъ дод ҳамаи сафарбаршудагон сокинони ноҳияи Спитамен мебошанд ва мӯҳлати сафари онҳо 11 моҳ пешбинӣ шудааст. Муҳоҷирони меҳнатӣ асосан дар соҳаи хоҷагии қишлоқ фаъолият мебаранд. Дар байни онҳо мутахассисони баландихтисос нестанд. Ҳангоми гусели гурӯҳҳо намояндагони Раёсат дар байни сафарбаршудагон корҳои ташвиқотию тарғиботӣ бурда, маводҳои ёрирасон дастрас намуданд. ҶДММ “Мирзо ва К” сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани онҳоро дар моҳҳои дигар низ ба нақша гирифтааст. (Раёсати ХМ дар вилояти Суғд)