07:28, 15 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

ХМ: ҳангоми кор дар ФР худро бо ҳуҷҷатҳои лозима таъмин намоед!

Имрӯзҳо дар ширкати мусофиркашонии «Москва-Сити»-и шаҳри Москва

20 нафар шаҳрвандони тоҷик кору фаъолият намуда истодаанд. Онҳо ба ҳайси ронандаи автомашинаи «Газел» ба кашонидани мусофирон машғуланд. Тавре дар сӯҳбат зодаи ноҳияи Ҳисор Обидҷон Элназаров иброз дошт, ӯ соли панҷум аст дар ин ширкат кор мекунад. Шароити кор хуб аст. Реҷаи корӣ дурӯз кор ва як рӯз истироҳат буда, маоши як моҳаи онҳо аз 25 то 35 ҳазор рубли русиро ташкил медиҳад. Бо гуфти худи Обидҷон онҳо бо иҷозаи кор ва дигар ҳуҷҷатҳои лозима таъминанд. Ба ғайр аз тоҷикон дар ин ширкат, дигар миллатҳо низ ҳамроҳ кор карда истодаанд, ба мисли арманиҳо, молдованҳо, узбекон ва қирғизҳо. Тавре мусофироне, ки аз шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербург ба ватан бармегарданд, маълум гардид, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Россия дар метро, вокзалҳо ва кӯчаҳову бозорҳо ҳамвора бо тафтиши ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон машғуланд. Агар шахсоне, ки ҳуҷҷатҳои лозима, аз қабили иҷозаи кор, қайди муввақатӣ, патент суғуртаи тиббӣ ва шартнома бо кордиҳанда надошта бошанд, аз тарафи онҳо ба маҳкамаи муввақатӣ дошта мешаванд. Чуноне, ки мо аз сомонаҳои иттилоотии Россия бохабарем, рӯзҳои охир шумораи чунин рейд ва тафтишот зиёд шуда истодаанд. Аз ин лиҳоз, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ҳангоми дар қаламрави Федератсияи Россия кору фаъолият намудан, ҳатман бо ҳуҷҷатҳои лозима таъмин будан лозим аст. Аз таъғйиру иловаҳо дар қонунгузориҳои Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ бархурдор бошед. Бо пайдошудани проблемаҳо ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷират дар ин кишвар муроҷиат намоед. (Хадамоти муҳоҷират)