05:25, 12 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Муҳоҷирони меҳнатӣ бо кор таъмин шуданд

Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”

дар шаҳри Хуҷанд аз оғози фаъолияти худ дар самти бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа бо субъектҳои хоҷагидори вилояти Суғд ҳамкориро хуб ба роҳ мондааст. Дар доираи ҳамин ҳамкорӣ, чанде пеш як гурӯҳи 22-нафараи муҳоҷирони меҳнатӣ ба ноҳияи Дмитровский вилояти Москва сафарбар ва дар он ҷо бо ҷойи кор таъмин карда шуданд. Бино ба маълумоти сарвари муассисаи давлатии болозикр муҳоҷирони меҳнатӣ дар он ҷо ба корҳои мавсимӣ дар соҳаи хоҷагии қишлоқ машғул мешаванд. Барои онҳо шароити хуби зиндагӣ, меҳнату истироҳат фароҳам оварда, маоши баланд кафолат дода шудааст.