02:12, 11 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Наҷоти муҳоҷирон дар соҳилҳои Италия

Муҳофизони наздисоҳилии Италия муҳоҷирони зиёдеро,

ки дар баҳри Миёназамин аз ғарқшавӣ наҷот дода буданд, тавассути киштиҳо ба бандари Патсалои Ситсилия оварданд. Аз 322 нафар 130 тани онҳо ноболиғон мебошанд. Тайи ҳафтаҳои охир бар асари ҳодисаи фалокати киштиҳо дар гулӯгоҳи Ситсилия тибқи маълумоти дастрас аз 700 то 900 нафар муҳоҷирон қурбон шуданд. Муҳоҷирон аз Либия мақсади расидан ба Италияро доранд. Муҳофизони наздисоҳилии Италия таъкид мекунанд, ки танҳо ҳафтаи сипаришуда зиёда аз 80 амалиёти ҷустуҷӯйӣ-наҷотдиҳиро дар баҳри Миёназамин ба роҳ монда, беш аз 13 ҳазор фирориёнро аз ғарқшавӣ наҷот доданд. Ба хотири боз ҳам ҷалб кардани диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин мушкилӣ ташкилоти башардӯстонаи «Нигоҳ ба баҳр» акси як кӯдакро, ки миёни 45 нафар аз ҳалокшудагон қарор дошт, интишор намуд. Дар натиҷаи як амалиёти дигар бошад, ҷасади 45 муҳоҷири фавтида аз об бароварда шуд. Илова бар ин полиси Италия дар минтақаҳои гуногуни бандари Апеннин 10 нафарро, ки ба таҳвили қайриқонунии муҳоҷирон машғул буданд, дастгир намуд. Аксарияти муҳоҷирон табааи Нигерия, Гамбия, Мали, Сомали ва Эритрея мебошанд. Бино ба иттилои Агентии назорати марзҳои обии Аврупо - «Фронтекс» муҳоҷирон мақсад доштанд, ки тариқи киштиҳои хурди резинии фарсуда, баҳри Миёназаминро убур намоянд. Дар аксар ҳолат сафари пурхатар ба марги одамони зиёд сабаб мегардад. Зеро фирориён дар киштиҳои фарсуда аз меъёри муқаррарӣ бештар худро ҷо мекунанд. Дар ин замина дастаҳои наҷотдиҳии Испания низ як рӯз қабл дар баҳр як сафинаеро пайдо карданд, ки дар дохили он 58 муҳоҷири ғайриқонунӣ, ки миёни онҳо занону кӯдакон низ қарор доштанд, аз марг наҷот доданд. Киштӣ 150 километр дур аз ҷазираҳои Гран-Канария қарор дошт.