01:56, 07 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Эҳтимоли ҳалокати 700 муҳоҷир дар гулӯгоҳи Ситсилияи Италия

Тибқи маълумоти намояндагони СММ бар асари ғарқшавии се киштӣ

дар гулӯгоҳи Ситсилияи Италия эҳтимол 700 нафар ба ҳалокат расида бошад. Ин нафарон муҳоҷир буда, мақсад доштанд аз Либия ба Италия ворид шаванд. Рӯзномаи итолиёии «Репабблика» бо истинод ба сарчашмаи худ дар хадамоти наҷотдиҳии наздисоҳилӣ, ки ба наҷоти муҳоҷирон машғул аст, хабар медиҳад, ки эҳтимол теъдоди фавидагон ба 900 нафар расад. Ғарқшавии киштиҳо рӯзи панҷшанбе ва ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар гулӯгоҳи Ситсилия ба амал омада буд. Тибқи маълумоти хадамоти нозирони наздисоҳилии Италия давоми як ҳафтаи охир дар атрофи гулӯгоҳи мазкур беш аз 13 ҳазор муҳоҷир наҷот дода шудааст. Вобаста ба таҳвили ғайриқонунии муҳоҷирон дар бандари Потсало чор нафар ҳамчун гумонбар боздошт гардиданд. Дар бештари амалиёти наҷотдиҳии муҳоҷирон киштиҳои ҳарбӣ-баҳрии Италия ва нозирони наздисоҳилӣ ширкат меварзанд. Намояндагони хадамоти аврупоии оид ба мубориза бар зидди таҳвили ғайриқонунии одамон «София» ва Агентии аврупоӣ доир ба назорати сарҳади Аврупо «Фронтекс» низ дар ҷараёни амалиёти наҷотдиҳӣ сафарбар гардидаанд. Бештари муҳоҷирони ҳалокашудаву наҷотёфта сокинони кишварҳои африқоӣ аз қабили, Нигерия, Мали, Гамбия, Сомали ва Эритрея мебошанд. Ҳамчунин шумораи муҳоҷирони афғон низ дар ҳоли афзоиш аст. Дар миёни муҳоҷирон занону кӯдакон бештар дида мешавад.