10:15, 05 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Бошишгоҳи муҳоҷирон дар Идомении Юнон пурра барҳам дода шуд

Бошишгоҳи муҳоҷирони минтақаи аҳолинишини Идомении Юнон, ки

дар марз бо Македония воқеъ аст, пурра барҳам дода шуд. Таҳвилдиҳии паноҳҷӯён, ки теъдоди онҳо ба 8 ҳазор нафар мерасад, пурра ба анҷом расид. Дар инҷо танҳо хаймаҳои созмонҳои гуманитарӣ, ки тадриҷан онҳо низ бардошта мешаванд, боқӣ мондаанд. Ба иттилои ҳукуматдорони маҳаллӣ наздики 3 ҳазор муҳоҷир тариқи автобусҳо ба марказҳои махсус, ки барои паноҳҷӯён бунёд гардидаанд, оварда шуданд. Қисми дигар аз таҳвил ба чунин марказҳо сарпечӣ мекунанд. Ҳазорҳо нафар бошандагони урдугоҳи Идомени баҳри пайдо кардани роҳҳои гуногун ба хотири вуруд ба Македония аз бошишгоҳ фирор намуданд. Чанд муддат боз марзи Македония бо Юнон маҳкам боқӣ мемонад. Муҳоҷирон бо убур кардани марз мақсади идомаи сафар ба ғарби Аврупоро доранд.