09:39, 05 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар соҳилҳои Либия киштии ҳомили муҳоҷирон ғарқ шуд

Дар соҳилҳои Либия киштии ҳомили муҳоҷирон ғарқ шуда,

бар асари он ҳафт нафар ба ҳалокат расид. Киштии дар ҳолати ғарқшударо нозирони наздисоҳилии Италия мушоҳида карда, барони расондани кумак ва наҷот додани муҳоҷирон шитофтанд. Дар натиҷа ба онҳо муяссар омад, ки наздики 550 нафарро наҷот диҳанд. Воридшавии муҳоҷирон аз Африқои Шимолӣ ба кишварҳои Аврупо ҳамоно коҳиш наёфтааст. Аз ҷумла рӯзи чоршанбеи ҳафтаи равон ба бандари Палермои Ситсилия беш аз ҳазору панҷоҳ муҳоҷир таҳвил дода шуд. Онҳоро давоми ду рӯзи пеш дар Баҳри Миёназамин наҷот дода буданд. Дар миёни онҳо 256 нафар наврасе ҳастанд, ки ҳамроҳи онҳо волидайнашон набуданд. Дар ҳамин ҳол ҳукуматдорони Юнон аз Идомени таҳвил додани муҳоҷиронро ба минтақаи наздисарҳадии Македония оғоз карданд. Ҳазорҳо муҳоҷирон давоми чанд моҳи ахир дар ин ҷо ҷамъ омада, кӯшиш доранд, ба Олмон ворид шаванд. Вале ҳукуматдорони Македония сарҳади худро баста, имкон намедиҳанд, ки муҳоҷирон роҳи худро идома диҳанд. Ҳарчанд муҳоҷирон чандин маротиба кӯшиш карданд, ки аз болои девори сунъии сохташуда ворид шаванд, вале ба онҳо имкон надоданд, ки нақшаи худро амалӣ намоянд. Ҳолатҳое низ ба қайд гирифта шуд, ки миёни муҳоҷирон ва сарҳадбонон задухӯрд ба амал омада буд. Ниҳоят ҳукуматдорони Юнон қарор карданд, ки муҳоҷиронро ба макони махсус дар наздикии шаҳри Солонки барои муҳоҷирон пешбинишуда, таҳвил диҳанд. Дар амалиёт оид ба таҳвили муҳоҷирон беш аз 700 нафар корманди полис сафарбар гардид.