08:09, 15 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Қонунгузории муҳоҷирати Россияро риоя кунед!

Ҳамарӯза ба Шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон

дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе садҳо нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки барои муҳоҷирати меҳнатӣ тавассути тайёра ба минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия равонаанд, муроҷиат менамоянд. Бояд қайд намуд, ки муроҷиаткунандагон аслан барои санҷиши шиносномаи худ ва маҷбуран берункардан (депортация), иҷозаи кор ва патент дар Россия, оид ба навоварӣ дар қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Россия меоянд. Қариб ҳаррӯз ба Шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар фурудгоҳ то 150 нафар шаҳрвандон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат муроҷиат намуда, ному насаби худро дар руйхати беруншудагони шаҳрвандони кишварамон, ки дар маҳзанаи иттилоотии Хадамоти Федералии муҳоҷирати Россия (ФМС РФ) ҳар рӯза ворид мешаванд, мавҷуд мебошад, бо тариқи шабакаи интернет-онлайн ба роҳ монда шудааст пурсон мешаванд. Бояд қайд намуд, шаҳрвандоне, ки қонунҳои буду боши кишвари Россияро вайрон намудаанд хориҷ карда шудаанд ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ворид шудан ба ин давлат манъ аст. Аммо ҳастанд ҳолатҳое, ки шаҳрванди ҷумҳурӣ бе ягон асос аз қаламравӣ ин мамлакат аз тарафи сохторҳои дахлдори он берун карда мешаванд. Айни замон кормандони Шуъбаи мазкур корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотиро дар танзими муҳоҷирати меҳнатӣ дар байни шаҳрвандони ҷумҳурӣ пурзур намуда, бо ҳар яки аз онҳо дар алоҳидагӣ сӯҳбатҳо гузаронида маслиҳатҳои муфид медиҳанд. Ба ғайр аз ин, ба онҳо маводҳои иттилоотӣ оид ба қонунгузории нави Федератсияи Россия ройгон супорида мешавад.