01:14, 07 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Яке аз бузургтарин бошишгоҳи муҳоҷирон дар Кения баста мешавад?

Вилям Руто ноиби президенти Кения дар ҳамоиши Созмони ҷаҳонии гуманитарӣ, ки

дар шаҳри Истанбули Туркия баргузор гардид, эълон кард ки яке аз бузургтарин бошишгоҳи муҳоҷирон дар кишвар баста мешавад. Ин бошишгоҳ Дадааб ном дошта, аз нигоҳи теъдоди гурезагон дар дунё калонтарин ба шумор меравад. Дар ин бошишгоҳ 350 ҳазор муҳоҷир панаҳ мебаранд, ки аксарияти онҳо шаҳрвандони Сомалӣ мебошанд. Сабаби қатъ кардани фаъолияти онро ҳукуматдорони Кения дар ҷалби ҷавонони бесарпаноҳи ин бошишгоҳ ба гуруҳҳои террористии «Аш-Шабоб» ва «Ал-Қоида» медонанд. Ҳамчунин ноиби президенти Кения дар баромадаш дархост кардааст, ки барои бартараф кардани ин мушкилӣ кишварҳои минтақа, созмонҳои ёрирасон ва ҷомеъаи байналмиллалӣ ҳарчи зудтар кӯмаки худро бирасонанд.