04:40, 12 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Либия: 850 муҳоҷири ғайриқонунӣ боздошт шуданд

Нозирони наздисоҳилии Либия 850 муҳоҷири ғайриқонуниро, ки

тариқи киштӣ қасди сафар ба Аврупоро доштанд, дастгир намуданд. Тибқи иттилои Оҷонсии «Франс Пресс» ҳамаи боздоштшудагон ба шуъбае, ки дар мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ масъул мебошад, оварда шуданд. Пас аз тафтиш ва қайди ному насаб муҳоҷирони дастгиршуда ба урдугоҳи махсус таҳвил дода мешаванд. Боздошти муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар ҳудуди обҳои Либия, дар назди шаҳри аз-Завия, 45 километр дуртар аз пойтахти мамлакат шаҳри Триполи сурат гирифтааст. Муҳоҷирон дар 7 заврақи калони резинӣ шино менамуданд. Дастгиршудагон табааи кишварҳои Африқо мебошанд ва миёни онҳо 79 зан ва 11 кӯдак низ ҳаст. Бино ба гузориши Созмони байналмилалии муҳоҷират шурӯъ аз соли 2016-ум дар баҳри Миёназамин ҳазору 829 муҳоҷир ба ҳалокат расидааст. Бо чунин роҳи душвор аксарият ҳаёти худро зери хатар гузошта, ворид кишварҳои Аврупо шудаанд. Соли равон ба Италия 34 ҳазору 570 муҳоҷир ворид гардидааст, ки бештари онҳо аз Эритрея, Сомали, Нигерия, Гамбия ва Сурия мебошанд.