09:06, 05 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ҳамсарон шавҳарони худро дар муҳоҷират танҳо намгузоранд

Кормадони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар фурудгоҳи

байналмилалии шаҳри Душанбе имрӯзҳо корҳои фаҳмондадиҳиро бо муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки азми сафари хориҷи кишвар доранд, ҷоннок намуда истодаанд. Бояд иброз дошт, имрӯзҳо кормандони шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматросонӣ ба муҳоҷирон дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва КВД «Истгоҳи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе»-и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намудаанд. Онҳо дар як рӯзи кории худ ба садҳо нафар шаҳрвандони тоҷик оид ба тағйиру иловаҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия, гирифтани Сертификат, патент ва ғайра кумак менамоянд. Дар суҳбат бо зодаи ноҳияи Файзобод Садафмоҳ Расулова аён гардид, ки номбурда тариқи тайёра ба назди шавҳараш, ки дар шаҳри Москва кор мекунад, раҳсипор аст. Ӯ бори ҳафтум аст, ки азми сафари Россияро дорад, соҳиби ду фарзанд. Шавҳараш дар яке аз коттеҷҳои шаҳрванди рус боғбон шуда кор мекунад. Худи ӯ бошад бо рубӯчини хона машғул аст. Соҳибхона маоши хуб медиҳад, ба зиндагӣ мерасад. Дигар зане, ки суҳбат доштем Шамсия Саёрова аз ноҳияи Рӯдакӣ мебошад. Ӯ низ ба назди шавҳараш, ки дар шаҳри Москва кор мекунад равонааст. Шавҳараш дар заводи шоколадбарорӣ кор мекардааст, ӯ низ дар ин завод мехоҳад бо шавҳараш кор кунад. Шамсия забони русиро хеле хуб медонад, ки дар муошират бо корфармо монеа нахоҳад шуд. Лайло Нуралиева истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзода, деҳаи Иттифоқ, бори аввал аст ба шаҳри Москва меравад. Ӯ низ ба назди шавҳараш равонааст.