02:33, 07 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Юнон: миёни полис ва муҳоҷирон муноқиша ба амал омад

Дар бошишгоҳи фирориёни Идомении Юнон миёни полис

ва муҳоҷирон муноқишаи навбатӣ ба амал омад. Садҳо нафар вагони қатораро дакка доданд, то бо истифода аз он марзи Македонияро рахна намоянд. Сарҳадбонон барои парокандан намудани ҷамъомадагон аз гази ашковар истифода бурданд. Пас аз ин дар урдугоҳ бетартибӣ бархоста, чанд хайма ва партовгоҳҳо оташ зада шуд, ки нафарони зиёд осеб диданд. Миёни маҷрӯҳон занону кӯдакон низ мебошанд. Дар бошишгоҳи фирориёни Идомении Юнон зиёда аз 10 ҳазор паноҳҷӯ қарор дорад. Дар маҷмӯъ дар марказҳои гуногуни Юнон беш аз 50 ҳазор фирорӣ ҷойгир кунонида шудааст. Фирориён ҳоло ҳам умед бар он доранд, ки кишварҳои Аврупо марзро боз менамоянд ва онҳо сафари худро идома медиҳанд.