09:42, 05 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ 10 фоиз кам шуданд

Дар чор моҳи соли ҷорӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ

209 ҳазору 788 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ сафар карданд, ки аз он 26 ҳазору 793 нафарро занҳо ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 фоиз кам мебошад. Тавре ба хабарнигори рӯзномаи «Шуғл ва муҳоҷират» Анвар Юсупов сармутахассиси Шуъбаи таҳлил ва маълумотдиҳӣ Хадамоти муҳоҷират Рухшона Ёрмамадова иброз намуд, аз ин ҳисоб чор ҳазору 127 нафар ба шаҳрҳои Қазоқистон низ сафар намуданд, ки аз онҳо 1 ҳазору 527 нафарро занҳо мебошанд. Ба гуфтаи Рухшона Ёрмамадова айни замон ба ҷойи зисти макони худ 85 ҳазору 702 нафар шаҳрвандони мамлакат муҳоҷирони меҳнатӣ баргаштанд, ки аз онҳо 9 ҳазору 544 нафар занҳо ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки баҳисобгирии рафти шаҳрвандон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, №378 амалӣ карда мешавад. Дар чор моҳи соли равон аз қаламрави ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар 238 ҳазору 985 нафар шаҳрвандон сафар намуданд, ки зиёда аз 34 ҳазор нафари онро занҳо ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб, барои корҳои шахсӣ - 12 ҳазору 349 нафар, тиҷорат – зиёда аз 11 ҳазор нафар, саёҳат – 4126 нафар, сафари хизматӣ – 624 нафар ва таҳсил 1086 нафар сафар намуданд.