03:37, 11 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Нозирони наздисоҳилии Либия 102 гурезаро аз ғарқшавӣ наҷот доданд

Нозирони наздисоҳилии Либия дар обҳои наздикии шаҳри Триполи

102 гурезаро аз ғарқшавӣ наҷот доданд. Фирориёни наҷотёфта аз мамлакатҳои Африқо мебошанд, ки қасди сафар ба Аврупоро доштанд. Хабар дода мешавад, ки ҳангоми убури баҳри Миёназамин муҳаррики киштии гурезагон аз фаъолият боз мондааст. Ба муҳофизони наздисоҳилии Либия муяссар омад, ки ҳамаи онҳоро саривақт наҷот диҳанд. Ҳамасола ҳазорҳо нафар муҳоҷири фирорӣ аз Африқо барои шароити хуби зиндагӣ соҳилҳои Либияро тарк гуфта, кӯшиши аз тариқи баҳри Миёназамин вуруд ба Италия ва дигар кишварҳои Аврупоро мекунанд. Дар ҳамин ҳол хабар дода мешавад, ки нозирони наздисоҳилии Италия 1 ҳазору 100 муҳоҷир ва гурезаро аз обҳои наздикии ҷазираи Ситсилия наҷот доданд. Амалиёти ҷустуҷӯйӣ-наҷотдиҳӣ дар 11 мавзеъ ба роҳ монда шуд, ки дар ҷараёни он киштиҳои марбут ба Италия, Ирландия ва Олмон иштирок намуданд.