04:19, 12 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Олмон: 1 млн нафар мехоҳанд мақоми гурезаро дарёбанд

Наздики як миллион нафар дар соли 2016-ум талоши соҳиб шудани

мақоми гуреза дар Олмонро доранд. Дар ин бора роҳбари Хадамот оид ба муҳоҷирати Олмон Франк-Юрген Вайс иттилоъ дод. Дар асоси қарордоди Брюссел ва Анқара, Туркия розӣ шуд, то аз вуруди муҳоҷирон ба Аврупо пешгирӣ намояд. Барои фирориён роҳи асосии воридшавӣ, яъне ҳаракат аз тариқи баҳри Эгей маҳкам карда шуд. Тариқи ин роҳ соли гузашта зиёда аз як миллион нафар ба Аврупо ворид гардидааст. Эҳтимол қочоқчиён барои таҳвили одамон ба Аврупо роҳҳои дигарро пайдо созанд. Ин роҳ тариқи Булғористон ва Албания мебошад. Ҳамчунин муҳоҷирон чун пештара аз тариқи баҳри Миёназамин аз Либия ба Италия ворид мегарданд. Роҳбари Хадамот оид ба муҳоҷирати Олмон Франк-Юрген Вайс изҳор намуд, ки ҷониби кишвараш дар соли равон танҳо ба 500 ҳазор нафар мақоми гуреза медиҳад. Нафарони боқимонда бошанд, соли 2017-ум соҳиби ин мақом хоҳанд шуд. Аз замони Ҷанги дуюми ҷаҳон Аврупо бори нахуст аст, ки бо чунин теъдоди зиёди муҳоҷирони ғайриқонунӣ рӯ ба рӯ мешавад. Ба муҳоҷирони Африқо одатан сокинони Шарқи Наздик ва Осиё, ки аз қашшоқӣ ва нооромӣ тарки хонаву дар гуфтаанд, ҳамроҳ мегарданд.