03:16, 11 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Сарвазири Венгрия пешниҳоди Комиссияи Аврупоро таҳқир шуморид

Сарвазири Венгрия - Виктор Орбан пешниҳоди Комиссияи Аврупоро

оид ба ситонидани ҷарима аз кишварҳое, ки аз ҷойгиркунонии фирориён тибқи квота даст мекашанд, таҳқир ба мамолики қашшоқи минтақа маънидод намуд. Орбан илова кард, ки «роҳбарияти Брюссел дар қаср умр ба сар бурда, аз муҳтавои пешниҳод ва воқеияти кор огоҳ нест ва чизе мегӯянд, ки оид ба он маълумоте надоранд» Зеро қабули паноҳҷӯён ё пардохти ҷарима барои қабул накардани гурезагон ба Будапешт ниҳоят гарон меафтад. Чанде қабл Брюссел ба Венгрия пешниҳод намуда буд, ки дар муддати 2 соли оянда 2 ҳазору 300 гурезаро қабул кунад. Аммо сарвазири Венгрия барои пурзӯр намудани назорати сарҳадҳои минтақаи Шенген баромад карда, пешниҳод намуд, ки бошишгоҳҳои гурезагон берун аз ҳудуди он таъсис дода шаванд. Дар Венгрия бо ташаббуси ҳукумат дар рӯзҳои наздик оид ба масъалаи «Оё Иттиҳоди Аврупо метавонад барои фиристодани муҳоҷирон ба кишвар беризояти парлумони Венгрия ташаббус гирад!» раъйпурсӣ гузаронида мешавад. Натиҷаи ин маърака ба тасмими Иттиҳоди Аврупо таъсиргузор буда наметавонад, аммо умед аст, ки замони музокирот дар масъалаи муҳоҷират ба Будапешт кумак мерасонад.