04:28, 12 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Чехия, Полша, Венгрия ва Словакия иқдоми Брюсселро мавриди танқид қарор доданд

Вазирони корҳои хориҷии Чехия, Полша, Венгрия ва Словакия

иқдоми Брюссел оид ба тақсимнамоии муҳоҷиронро миёни кишварҳои гардиши евро мавриди танқид қарор доданд. Нақшаи нав аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо 4-уми май қабул гардид. Тибқи он кишварҳои узв уҳдадоранд, ки барои қабули фирориён квота ҷорӣ намоянд. Танҳо барои вақти муайян иҷозат аст, ки аз уҳдадорӣ худдорӣ намуд. Ҳамчунин он кишваре, ки аз қабули муҳоҷир даст мекашад, ба мамлакате, ки паноҳҷӯро қабул мекунад, бояд барои ҳар як гуреза наздики 250 ҳазор евро пардохт намояд. Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои зикрёфта ин ташаббусро мавриди интиқоди шадид қарор доданд. Соли гузашта кишварҳои Аврупои Марказӣ зидди тақсимнамоии 160 ҳазор муҳоҷир миёни мамолики гардиши евро баромад намуда буданд. Венгрия ва Словакия оид ба ин ташаббус ҳатто ба додгоҳи Аврупо муроҷиат намудаанд.