07:41, 05 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Франсия: муҳоҷирон кӯшиш доранд вориди Британияи Кабир шаванд

Дар шаҳри Калеи Франсия муҳоҷирон кӯшиш доранд, ки

бо роҳҳои гуногун вориди Британияи Кабир шаванд. Чанде пеш полиси Франсия дар ин ҷо як бошишгоҳи фирориёнро, ки бо номи «Ҷангал» маъмул буд, хароб кард. Паноҳҷӯён шабона роҳи автомобилҳои боркашро, ки ҷониби бандар ҳаракат мекунанд, бо ҳар гуна ашё банд намуда, зери он пинҳон мешаванд. Полис аз ин амали муҳоҷирон огоҳ шуда, пайваста онҳоро мавриди таъқиб қарор медиҳад. Дар робита ба сар задани чунин ҳолатҳо тасмим гирифта шудааст, ки монеагоҳҳои сунъӣ дар атрофи роҳҳои автомобилгард низ бунёд карда шавад. Ҳамчунин дар қисми ҷанубии шаҳри Кале чунин монеагоҳҳо сохта мешаванд. Тибқи нақша корҳо дар ин самт моҳи май оғоз меёбанд.