07:26, 15 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Тақозои нав аз муҳоҷирон дар Юнон

Ҳукуматдорони Юнон аз муҳоҷирони дар бошишгоҳи Идомени қарордошта

талаб доранд, ки онро тарк карда, ба дигар бошишгоҳҳо раванд. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ навиштаҷотеро бо чанд забон ба гурезагон тақсим намуда, иброз медоранд, ки дар бошишгоҳҳои дигари кишвар шароити зист беҳтар аст. Вале муҳоҷирон даъвати ҳукуматдорони ин кишварро рад намуда, аз тарк намудани бошишгоҳи Идомени даст кашиданд. Муҳоҷирон иброз медоранд, ки ин бошишгоҳро ҳеҷ гоҳ тарк намекунанд, зеро намедонанд, ки дар макони нав онҳоро чӣ шароите интизор аст. Тибқи маълумоти онҳо шароити зист дар бошишгоҳҳо хеле бад буда, дар як рӯз танҳо нон ва маводи хӯрокаи хеле кам ба даст меоранд. Дар наздикии бошишгоҳи Иномени, ки дар сарҳад бо Македония воқеъ аст, наздики 10 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ ҷамъ омада, мақсади ворид шудан ба кишварҳои Аврупоро доранд. Ба монеаҳо нигоҳ накарда муҳоҷирон пайваста талош мекунанд, ки сарҳадро убур намоянд. Дар ҳамин ҳол миёни муҳоҷирон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ пайваста бархӯрд ба амал меояд.