03:21, 11 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар Шведсия бинои таълимгоҳи муҳоҷиронро оташ заданд

Дар Шведсия бинои таълимгоҳи муҳоҷирони хурдсол оташ гирифт.

Ҳодиса шабона дар шаҳри Хернёсанд ба амал омад. Ба кормандони Хадамоти оташнишонӣ ҷилавгирӣ аз сӯхтор саривақт муяссар нашуд. Дар натиҷа қисми зиёди бино пурра ба коми оташ рафт. Сабабҳои бархостани сӯхтор муайян карда мешавад. Таълимгоҳро ҳукуматдорони Шведсия ба хотири ҷойгир намудани муҳоҷирони ноболиғе, ки бидуни волидайн ба ин кишвар ворид гардидаанд, бунёд карда буданд. Дар Шведсия давоми чанд моҳи ахир дар иншооти барои муҳоҷирон ихтисосёфта зиёда аз 60 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст. Тибқи омор соли 2015-ум беш аз 163 ҳазор муҳоҷир вориди Шведсия гардидааст. Бино ба маълумоти мавҷуда, соли равон 140 ҳазор муҳоҷири дигар нақшаи вуруд ба ин кишварро дорад.