02:10, 07 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ҳалокшудагони ғарқшавии киштӣ дар баҳри Миёназамин ба 500 нафар расид?

Теъдоди ҳалокшудагон бар асари ғарқшавии киштӣ дар баҳри Миёназамин

эҳтимол ба 500 нафар баробар шуда бошад. Дар ин бора намояндаи Хадамоти комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳоҷирон - Уилям Шпиндлер иттилоъ дод. Ҳодиса 16-уми апрел дар миёни Либия ва Италия иттифоқ афтода буд. Шпиндлер илова намуд, ки ҳоло дақиқ нашудааст, ки замони фалокати киштӣ дар дохили он чанд нафар қарор дошт. Аммо ба иттилои шоҳидон замони фалокат дар дохили сафина 500 нафар будааст. Тайи ҳафтаҳои ахир шумораи нафароне, ки аз Либия талоши расидан ба Италияро доранд, якбора афзудааст. Мусоид гардидани обу ҳаво дар баҳри Миёназамин ба паноҳҷӯён имкон медиҳад, то ҳарчӣ зиёд онро убур намоянд. Тайи рӯзҳои ахир ҳукуматдорони Либия имкон ёфтанд, ки аз сафари муҳоҷирон, ки табааи Сомали, Эфиопия, Миср ва Судон мебошанд, ҷилавгирӣ намоянд. Онҳо мақсади баромадан ба сафари пурхатарро доштанд. Дастгиршудагонро ба автобус савор намуда, ба кишварҳои худ баргардонданд.