02:47, 11 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Баррасии масъалаи муҳоҷират зимни як ҳамоиши бузург дар Люксембург

Вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо зимни мулоқоти навбатӣ, ки

дар Люксембург баргузор шуд, вазъият дар қисми ҷанубии баҳри Миёназаминро баррасӣ намуданд. Вохӯрӣ бо даъвати Франсия, Италия ва Испания ҷараён гирифт. Иштирокчиёни ҳамоиш даъват ба амал оварданд, ки мубориза ба таҳвили ғайриқонунии муҳоҷирон ва интиқоли силоҳ аз қаламрави Либия пурзӯр карда шавад. Таъкид гардид, ки барои пешгирӣ аз таҳвили ғайриқонунии муҳоҷирон ва интиқоли силоҳ бояд амалиёти баҳрии «София» аз обҳои байналмилалӣ ба соҳилҳои Либия наздиктар оварда шавад. Роҳбари дипломатияи Аврупо Федерико Могерини изҳори умед намуд, ки чунин дархост аз ҷониби Триполи садо медиҳад. Миёнаҳои соли гузашта дар доираи амалиёти «София» зиёда аз 8 ҳазор муҳоҷир дар баҳри Миёназамин наҷот дода шуда, даҳҳо тани дигар бо гумони таҳвили ғайриқонунии фирориён боздошт гардиданд. Киштиҳои кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз соҳилҳо ниҳоят дур шино мекарданд, ки имкони ҳадаф қарор додани қочоқчиён вуҷуд надошт. Ду рӯз қабл аз Миср хабар расид, ки дар соҳилҳои ин кишвар киштии ҳомили муҳоҷирон ба фалокат дучор омадааст. Дар пайи ин фоҷиа 400 муҳоҷир ба ҳалокат расид. Тибқи иттилои ахир муҳофизони наздисоҳилии Италия дар гулугоҳи Ситсилия ҷасади 6 муҳоҷирро пайдо намуданд. Сафинаи дучори садама 20 километр дур аз соҳилҳои Либия қарор дошт. Аз ин киштӣ 108 нафар, ки миёни онҳо 5 зан низ мебошад, наҷот дода шуданд. Оҷонсии «Анса» хабар медиҳад, ки киштӣ ҷониби Италия шино мекард. Феълан паноҳҷӯёни наҷотёфта дар киштии «Аквариус» ҷониби соҳилҳои Италия дар ҳоли ҳаракатанд. 18-уми апрели соли 2015-ум бар асари ғарқшавии киштии ҳомили муҳоҷирон дар гулугоҳи Ситсилия 800 нафар ғарқ шуда, ба ҳалокат расида буданд. Он замон киштӣ аз сабаби зиёд будани мусофирон мувозинати худро аз даст дода, дучори фалокат шуд. Дар як тарафи киштӣ одамони ҷамъ омада буданд. Он замон танҳо 27 нафарро имконияти наҷот додан муяссар омад. Дар дохили киштӣ муҳоҷирон аз кишварҳои Алҷазоир, Миср, Сомали, Нигерия, Сенегал, Мали, Замбия, Бангладеш ва Гана қарор доштанд. Тибқи иттилои Созмони Милали Муттаҳид аз оғози соли 2016-ум то охирҳои моҳи март ба Италия зиёда аз 17 ҳазор муҳоҷир ворид гардидааст. Агентии назорати марзии Иттиҳоди Аврупо «Фронтекс» иттилоъ медиҳад, ки соли 2015 ба кишварҳои гардиши минтақаи евро 1,8 миллион муҳоҷири ғайриқонунӣ ва фирорӣ ворид шудааст. Ба таъкиди Комиссияи Аврупо буҳрони муҳоҷирати навбатӣ пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон бесобиқа мебошад. Дар ҳамин ҳол Комиссияи Аврупо дар хусуси буҳрони озуқаворӣ ҳушдор медиҳад.