04:20, 12 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Испания: беш аз 50 нафар муҳоҷирон аз ғарқшавӣ наҷот дода шуданд

Дар соҳилҳои Испания беш аз 50 нафар муҳоҷир

аз ғарқшавӣ наҷот дода шуд. Муҳоҷирон тариқи киштӣ кӯшиши ба Аврупо расиданро доштанд. Дар миёни онҳо кӯдакон ва занони ҳомиладор низ ҳастанд. Киштии ҳомили муҳоҷирон 36 километр дуртар аз қисми ҷанубу шарқии минтақаи Малаги боздошта шуд. Се нафар аз муҳоҷирон дар ҳолати вазнин бистарии беморхона карда шуданд. Дар амалиёти наҷоти муҳоҷирон аз чархбол низ истифода бурданд. Тибқи омори Созмони байналмилали муҳоҷират шумораи муҳоҷирони воридшуда ба қаламрави Аврупо давоми соли ҷорӣ ба 177 ҳазор нафар баробар шудааст. Ин теъдод муҳоҷирон тариқи роҳҳои баҳрӣ ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо расидаанд. Танҳо аз тариқи Юнон 153 ҳазору 362 нафар вориди Аврупо гардидаанд. Аз ин теъдод 732 нафар дар обҳо ғарқ шудаву ҷон бохтанд.