08:23, 15 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Австрия монеагоҳи сунъӣ бунёд мекунад

Австрия дар минтақаи гузаргоҳи марзии Бреннер бо Италия

монеагоҳи сунъӣ бунёд мекунад. Ба таъкиди ҷониби Вена ин иқдом метавонад барои ҷилавгирӣ аз вуруди фирориён мусоидат намояд. Зеро имкони ниҳоят зиёди вуруди муҳоҷирону гурезагон аз қаламрави Италия тариқи ин минтақа вуҷуд дорад. Дар семоҳаи аввали соли равон зиёда аз 17 ҳазор гуреза вориди Италия гардидааст. Новобаста аз хатарҳои мавҷуда дар баҳр муҳоҷирони зиёд ҳоло ҳам кӯшиши вуруд ба қаламрави Аврупоро мекунанд. Чанде пеш нозирони наздисоҳилии Италия дар гулугоҳи Тунис 1 ҳазору 850 паноҳҷӯро аз ғарқшавӣ наҷот доданд. Дар ду рӯз 4 ҳазор муҳоҷир дар баҳри Миёназамин аз ғарқшавӣ наҷот дода шудааст. Роҳи Балкан барои муҳоҷирон маҳкам боқӣ мемонад. Дар бошишгоҳи минтақаи аҳолинишини Идомении Юнон, ки дар марз бо Македония воқеъ аст, 14 ҳазор нафар бо умеди идома додани сафари худ ба Аврупо ҷамъ омадаанд. 11-уми апрел теъдоде аз гурезагон аз сарҳадбонони Македония талаб карданд, ки барои идомаи ҳиҷрат ба онҳо иҷозат дода шавад. Пас аз гирифтани ҷавоби рад гурезагон ҷониби кормандони мақомоти полис санг ва ҳаргуна ашёро ҳавола доданд. Полиси Македония барои пароканда сохтани муҳоҷирон аз гази ашковар ва тирҳои резинӣ истифода намуд. Дар пайи ин ҳодиса 250 фирорӣ, ки миёни онҳо занону кӯдакон низ мебошанд, осеб бардоштанд. Сарвазири Юнон истифода аз қувва нисбат ба муҳоҷиронро «Шармандагӣ барои Аврупо» унвон намуд.